Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки камранги раъйдиҳандагон дар интихоботи Русия


Райъдиҳандае дар ҳавзаи Маскав
Райъдиҳандае дар ҳавзаи Маскав

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Русия (КМИР) хабар дод, ки 10 сентябр дар интихоботи маҳаллии 82 минтақаи ин кишвар иштироки раъйдиҳандагон ба таври рекордӣ кам буд. Ҷамъан дар ин кишвар ҳудуди 29%-и афроди қобили раъй овоз додаанд.

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, ки интихобот ором баргузор шуд. Нозирони бештари нуқтаҳои овоздиҳӣ давоми рӯз дар бораи партофтани ғайриқонунии варақаҳо, кӯшиши харидани интихобкунандаҳо бо пулу арақ, таблиғоти ғайриқонунӣ дар участкаҳо, боздошти номзадҳо, нозирон ва аъзои комисияи интихоботӣ хабар доданд.

КМИР-и Русия гуфт, қонуншиканиеро сабт накардааст, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад.

Иштироки аз ҳама зиёди раъйдиҳандагон, тибқи анъана дар нуқтаҳои овоздиҳии боздоштгоҳҳои муваққат ва беморхонаҳои равонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора "Откритая Россия" иттилоъ медиҳад.

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, интихобот дар "сатҳи баланд" баргузор шуд ва интихобкунандагон тақрибан дар ҳамаи минтақаҳо фаъолона иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG