Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари хабаргузории "Турон" аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт


Меымон Алиев дар додгоҳ
Меымон Алиев дар додгоҳ

Раҳбари хабаргузории "Турон"-и Озарбойҷон Меҳмон Алиев рӯзи 11 сентябр ба шарти риояи ҳабси хонагӣ аз зиндони пешакӣ озод шуд. Алиев ба сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суйистифода аз мақом муттаҳам шуд. Ӯ ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Бо амри мақомоти Боку ҳисобҳои бонкии хабаргузорӣ масдуд шудаанд. Ҳукуматҳои Ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар, таҳрими молии хабаргузории "Турон"-ро идомаи саркуби матбуоти мустақил, сиёсатмадорони мухолифин, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ арзёбӣ мекунанд.

Департаменти давлатии Амрико боздошти Меҳмон Алиевро шадидан интиқод кард ва гуфт, ки чунин амалкарди мақомоти Озарбойҷон озодии матбуоту озодии баёнро дар ин кишвар боз ҳам маҳдудтар хоҳад кард.

Озарбойҷон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар имсол мақоми 162-умро ишғол мекунад. Хабаргузории мустақили "Тӯрон", ки соли 1990 таъсис ёфтаааст, бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ хабар нашр мекунад.

XS
SM
MD
LG