Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян Амрикоро бо "дардҳои беандоза" таҳдид кард


Раҳбари Кореяи Шимолӣ (дар марказ)
Раҳбари Кореяи Шимолӣ (дар марказ)

Куриёи Шимолӣ гуфт, ки ИМА ба "дарди бузург" гирифтор хоҳад шуд, агар Вашингтон ба қабули таҳримҳои шадиди зидди Куриёи Шимолӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид муваффақ шавад. Вазорати умури хориҷии Куриёи Шимолӣ рӯзи 11 сентябр гуфт, ки кишвар омодааст алайҳи ИМА аз "ҳамагуна тадобири ниҳоӣ" кор бигирад . Намояндагони Пхенян гуфтанд, ки натиҷаи ин тадобир "дарди бузург ва азобест", ки Ийолоти Муттаҳида дар тамоми таърихаш таҷруба накардааст.

Созмони Милали Муттаҳид дархости Ийолоти Муттаҳида аз 11 сентябр, барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Куриёи Шимолиро пазируфт, ки қатъномаи СММ оиди манъи санҷишҳои ҳастаиро нақз кард.

Тарҳи пешниҳодии Амрико қатъи комили воридоти маводи нафтӣ ба Куриёи Шимолӣ ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз он кишварро дархост кардааст. Амрико ҳамзамон даъват мекунад, ки ҳисобҳои бонкии Куриёи Шимолӣ ва раҳбари он Ким Чен Ин масдуд шуда, худи ӯ ва мақомоти дигари ин кишвар аз сафар маҳрум шаванд.

Маълум нест, ки ду шарики Куриёи Шимолӣ - Русия ва Чин аз ин таҳримҳо пуштибонӣ мекунанд ё хайр. Русия аз ҳақи ветогузорӣ дар Шӯрои Амнияти СММ бархурдор аст.

XS
SM
MD
LG