Дар Қирғизистон сар аз 10 сентябр номзадҳо ба мақоми президентӣ маъракаи таблиғотиро шуруъ карданд. Ин маърака то 14 октябр идома мекунад.
"Маъракаи таблиғотӣ - марҳалаи муҳимтарин ва пурмасъулияттарини омодашавӣ ба интихоботи президентӣ оғоз шуд. Таблиғот то соати 8 субҳи 14 октябр давом мекунад. 25 рӯз пеш аз интихобот шакл ва матни баргаҳои раъйдиҳӣ таҳия хоҳад шуд. Он замон дақиқ мегардад, ки дар баргаҳо номи чанд номзад навишта мешавад. То он замон мақомоти додгоҳӣ метавонанд қарори Комисияи марказии интихоботиро рад кунанд ё бархе аз номзадҳо аз идомаи мубориза даст кашанд", - хабар дод муовини раиси Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон Абдуҷаббор Бекматов.
То 10 сентябр Комисияи интихоботии он кишвар 13 номзадро сабти ном кард.
Дар маҷмуъ 59 даъвогари курсии президентӣ ба Комисияи интихоботии Қирғизистон ҳуҷҷат пешниҳод карданд. Бархе аз шаҳрвандон бо хоҳиши худ аризаҳоро пас гирифта, ба бархеи дигар бо баҳонаҳои мухталиф посухи рад дода шуд.
Интихоботи президентии Қирғизистон 15 октябр таъйин шудааст.