Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти даҳҳо нафар дар маъракаи ҳимоят аз мусалмонҳои Мянмар


Мақомоти интизомии Санкт-Петербург беш аз 130 нафарро барои иштирок дар як маъракаи ҳимоят аз мусалмонҳои Мянмар боздошт кардаанд. Хабаргузори “Фонтанка” бо такя ба қавли мақомот гуфт, ки таҷаммӯъгарон барои баргузории ин маърака иҷозаи расмӣ надоштанд. Ҳодиса рӯзи 10-уми сентябр иттифоқ афтодааст.

Дар ин маърака дар Санкт-Петербург тақрибан дусад нафар иштирок доштанд. Боздоштшудаҳо барои нақзи қонуни баргузории гирдиҳамоӣ ва муқобилият ба нирӯҳои пулис муттаҳам мешаванд.

Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки дар ин гирдиҳамоӣ баъзе аз муҳоҷирони тоҷик низ боздошт шудаанд. Вале ин иттилоъ расман таъйид нашудааст.

Рӯзи 3-юми сентябри имсол дар назди сафорати Мянмар дар Маскав тазоҳуроти бидуни иҷоза барои ҳимоят аз мусалмонҳои Роҳинҷа баргузор шуд. Мақомоти Маскав барои баргузории як маъракаи дигар бахшида ба ҳимоят аз мусалмонҳои Мянмар дар рӯзи 8-уми сентябр иҷоза надод.

Дар ғарби Мянмар бар асари даргириҳо миёни артишу пулис ва намояндагони ақалияти Роҳинҷа, ки аксаран мусалмон мебошанд, дар як даҳ рӯзи охир беш аз 400 нафар кушта шудааст. Инчунин, даҳҳо ҳазор нафар дар ин муддат ба кишвари ҳамҷавори Бангладеши мусалмоннишин паноҳанда шуданд ё дар ҷазираҳои халиҷи Бангол дар соҳилҳои рӯдхонаҳои тропикии наздики марзҳои ду кишвар, паноҳ бурдаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG