Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди харобкорӣ дар Куба – Таҳдиди тӯфони “Ирма” ба Флорида


Пешбиниҳо нишон медиҳад,ки тӯфони нирӯманди “Ирма” ба сурати мустақим шаҳри Тампа дар аёлати Флоридаи Амрикоро ҳадаф қарор медиҳад. Ин тӯфон ба дунболи тахриби бахшҳое аз Куба ва ҷазираи Кариб акнун ба шиддат ба тарафи Флорида дар ҳаракат аст.

Мақомоти Амрико рӯзи 9-уми сентябр пешбинӣ карданд, ки шаҳри Маями дар таҳдиди мустақими тӯфони “Ирма” қарор надорад.

Пеш аз ин дараҷаи тӯфон панҷ гуфта шуда буд, ҳоло дар дараҷаи се қарор гирифтааст. Суръати он ҳам 200 километр дар соат тахмин зада мешавад.

Шаҳри Тампа дар аёлати Флорида аз соли 1921 шоҳиди ягон тӯфони нирӯманд набудааст.

То кунун марги 20 нафар дар натиҷаи тӯфони “Ирма” дар ҷазираи Кариб ва Куба тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG