Гурӯҳи нахустини зоирини тоҷик дар маъракаи Ҳаҷҷи имсола рӯзи 11-уми сентябр аз Арабистони Саудӣ ба ватан бармегарданд. Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буд.
Манобеи Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ мегӯянд, ки нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймои “Боинг”-и ширкати “Сомон-Эйр” аз Мадина ба Душанбе хоҳанд омад. Ба иттилои манбаъ, баргашти ҳоҷиёни тоҷик аз сафари Ҳаҷ то 25-уми сентябр идома мекунад.
Сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ рӯзи 16-уми август шурӯъ шуд.
Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.