Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти нирӯҳои таҳти ҳимояти ИМА ва Русия дар Сурия


Амалиёти наве бо ҳадафи саркӯби ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Дайр-аз-Зур, вилояти шарқии Сурия, оғоз шудааст. Дар ин амалиёт нирӯҳои демократии Сурия таҳти ҳимояти Амрико ва нирӯҳои ҳукумати Сурия таҳти ҳимояти ҳавоии Русия ҳамлаҳои ҷудогонаро алайҳи мавқеъҳои ДИИШ ба роҳ монда, ба сӯи Дайр-аз-Зур пешравӣ кардаанд.

Нирӯҳои демократии Сурия эътилофи созмонёфта асосан аз ҷангҷӯёни курди араб аст. Ин нирӯҳо барои тасарруфи минтақаҳои воқеъ дар шарқи дарёи Фурот рӯзи 9-уми сентябр амалиётеро алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом доданд.

Аз тарафи дигар нирӯҳои ҳукумати Сурия амалиётеро барои гирифтани фурудгоҳи Дайр-аз-Зур роҳ андохтанд. Пеш аз ин амалиёти тоза, нирӯҳои ҳукумати Сурия бо ҳимояти ҳавоии Русия муҳосираи сесолаи Дайр-аз-Зурро шикастанд. Дар ин ҳол, гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, тасдиқ кардааст, ки нирӯҳои ҳукумати Сурия ба майдони ҳавоии Дайр-аз-Зур наздик шудаанд.

Ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 шаҳрҳои Дайр-аз-Зур ва Раққаи Сурияро тасарруф карданд.

Шӯрои низомии нирӯҳои демократии Сурия бидуни таъини санаи мушаххас ибрози умед кардааст, ки амалиёти ҷадид барои бозпасгирии Дайр-аз-Зур аз ҷангҷӯёни ДИИШ ба зудӣ ба поён хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG