Пайвандҳои дастрасӣ

Жириновский озодии Серебренниковро дархост кард


Владимир Жириновский

Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократи Русия, аз Кумитаи тафтишотии он кишвар хост, ки Кирилл Серебренников, коргардони шинохта ва раҳбари “Гогол Центр”-ро аз ҳабси хонагӣ раҳо кунад.

Матбуоти Русия рӯзи 8-уми сентябр навишт, Жириновский ин дархости худро дар шакли як нома ба раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин фиристодааст.

Ӯ гуфт, боздошти Серебренников бо вокуниши шадид рӯбарӯ шуд ва хостааст, ки Кумитаи тафтишот барои тағйири шеваи нигаҳдории ӯ ба Додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат кунад. “Ҳукми Серебренников аз ҳабси хонагӣ ба шарти берун нарафтан аз ҳудуди Маскав иваз карда шавад”, - афзудааст ӯ.

Жириновски ва ҳизби зери раҳбарии ӯ худро мухолифи ҳукумати Русия медонанд, аммо дар аксари маврид аз мавқеи маъмурияти Владимир Путин ҳимоят мекунанд.

Кирилл Серебренников рӯзи 22-юми август боздошт шуд ва дар сурати таъйиди иттиҳомоти алайҳи ӯ ба даҳ соли зиндон маҳкум хоҳад шуд. Коргардони шинохта ба қаллобӣ дар ҳаҷми калон муттаҳам аст. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ дар ташкили сирқати 68 миллион рубл, ки барои "Студияи 7" ҷудо шуда буд, даст дорад. Ҳоло коргардон бо амри додгоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Қаблан додгоҳ қарори ҳабси хонагии ӯро бетағйир гузошта буд. Худи Серебренников иттиҳомро рад мекунад ва иддаои тафтишотро “сафсата” мехонад. Беш аз ҳазор чеҳраи фарҳангии Русия ва ҷаҳонӣ озодии ӯро талаб кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG