Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Тақрибан 300 000 мусалмони Роҳинҷа ба Бангладеш рафтанд


Аз замони шурӯи хушунатҳои нав дар Мянмар (Бирмаи собиқ), дар понздаҳ рӯзи охир, тақрибан 300 ҳазор мусалмони қабилаи Роҳинҷа ба Бангладеш фирор кардаанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора рӯзи 9-уми сентябр хабар дод. Ҷозеф Трипура, сухангӯи идораи умури паноҳандагони СММ гуфт, “аз рӯзи 25-уми августи имсол то кунун 290 ҳазор ба Бангладеш рафтаанд.” Ӯ гуфт, ки ин рақам дар як рӯз ба 20 ҳазор нафар баробар аст.

Бисёре аз мусалмонҳои қабилаи Роҳинҷа пойи пиёда ё тавассути қаиқҳо худро ба Бангладеш расондаанд, ки бо Мянмар 278 километр марзи муштарак дорад.

Хушунати Мянмар эътирози ҷаҳониро ба бор овард.

Мусалмонони Роҳинҷа хадамоти амнияти Мяманр ва буддоиҳоро ба оташ задани деҳаҳои худ муттаҳам мекунанд. Ҳукумат мегӯяд, ки шӯришгарони Роҳинҷа моҳи гузашта ба постгоҳҳои пулис ҳамла бурданд ва нирӯҳои амниятӣ ба онҳо посух доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG