Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми сентябр аз Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ хост, ки ихтилофҳояшонро бо Қатар ҳал кунанд. Ба гуфтаи мақомоти Кохи Сафед, Трамп аз ин кишварҳо хостааст, як ҷабҳаи муттаҳидаи алайҳи Эронро низ ташкил диҳанд.
Доналд Трамп бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Зайд ал-Наҳнайн валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Араб ва Шайх Тамим бин Ҳамад ас-Сонӣ, амири Қатар ба таври ҷудогона гуфтугӯ кардааст.
Кохи Сафед гуфт, Трамп ба ин мақомҳо гуфтааст, ваҳдати миёни шарикони арабии Вашингтон барои тақвияти субот дар минтақа ва мубориза алайҳи таҳдиди Эрон муҳим аст.
Раиси ҷумҳури Амрико аз ин пеш, рӯзи 7-уми сентябр, аз омодагии худ барои миёнҷигарӣ байни Қатар ва чаҳор кишвари арабӣ хабар дода буд.
Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо раҳбарии Арабистони Саудӣ дар моҳи майи имсол ҳамсояи худ Қатарро бо таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ ва ҳамчунин робитаи дӯстона бо Эрон муттаҳам карданд ва барои барқарории муносибатҳо, 13 шарт пешниҳод намуданд. Аз ҷумлаи ин шартҳо коҳиши сатҳи робита бо Эрон, бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия, буданд.
Аммо Қатар ин шартҳоро рад кард ва онро нақзи ҳокимияти миллии худ донист.