Додгоҳи таҷдиди назари Амрико фармони президент Трамп, дар бораи маҳдуд кардани муҳоҷират ба ИМА-ро бетағйир гузошт. Дар ин бора додгоҳ рӯзи гузашта дар саҳифаи расмиаш хабар дод.
Охири моҳи июн Додгоҳи олии ИМА қарори то 90 рӯз манъи кардани вуруди шаҳрвандони Эрон, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия ва Яманро, ки раводиди ИМА-ро надоранд, қабул кард. Истисно танҳо дар мавридҳоест, ки агар волидон, бародар ва хоҳари шахси даъватшаванда шаҳрванди Амрико бошанд.
Додгоҳ ҳамчунин бобову бибӣ, холаву тағо, бародарзода ва хоҳарзодаро аз ин ҳақ озод кард.
Дар оғози моҳи март президенти ИМА Доналд Трамп амри наверо содир кард, ки вуруди шаврвандони чанд кишвари асосан мусалмонӣ ба Амрикоро то 90 рӯз манъ мекард. Ин санадро додгустарҳои Амрико нақзомез номид.