Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 61 коргари ҳиндиро ихроҷ мекунад


Абу-Даби Плаза дар Остона.
Абу-Даби Плаза дар Остона.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки 61 сохтмончӣ ва коргари ҳиндиро барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ дар авоили моҳи ҷорӣ дар Остона, ихроҷ мекунанд. Ин матлабро раиси шаҳри Остона рӯзи 8-уми сентябр -- шаш рӯз баъд аз занозанӣ миёни коргарони ҳиндӣ ва қазоқ дар сохтмони Абу-Даби Плаза, баён дошт.

Мақомот гуфтанд, ки дар ин занозанӣ даҳҳо тан ширкат карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодиса ширкатдорон ҷароҳатҳои ҷиддӣ набардоштаанд. Шаҳрдори Остона гуфтааст, ки ин тасммро дар пайи мулоқот бо сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Қазоқистон ва раҳбарияти ширкати "Аrabtec Holding Company" рӯи даст гирифтанд. Гурӯҳи аввали 23--нафараи ин коргарони ҳиндӣ рӯзи 9 сентябр Қазоқистонро тарк хоҳанд кард.

Рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Остона дар сохтмони маркази савдои Абу-Даби-Плаза миёни коргарони қазоқ ва ҳиндӣ занозанӣ сурат гирифт. Дар пасманзари ин ҳодиса пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва роҳҳои мунтаҳӣ ба ҷои ҳодисаро баст. Аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, лаҳзаҳои занозаниро нишон медиҳад.

Ба дунболи ин ҳодиса вазири иттилооти Қазоқистон ва ҳокими Остона аз сокинон хостанд, ки ба "таҳрик" дода нашаванд. Вазорати умури дохилии Қазоқистон дар шарҳи рӯйдод гуфт, ки ҳодиса замоне рух дод, ки яке аз нигаҳбонони ин маҷмаи тиҷорӣ монеи вуруди коргарони ҳиндӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар пай коргарони ҳиндӣ ҳамшаҳриҳои худро ба кӯмак хостанд ва нигаҳбонро мавриди задухӯрд қарор доданд. Манбаъ мегӯяд, ки дар ҳодисаи занозанӣ ҳудуди 30 нафар ширкат доштанд. Дар пайи ин ҳодиса кормандони сафорати Ҳинд дар Қазоқистон ва ҳамчунон мақомоти маҳаллӣ, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

Маркази тиҷоратии Абу-Даби Плаза соли 2010 дар Остона таъсис шуда ва начандон дуртар аз бинои ҳукумат ҷойгир аст. Ин бино баландтарин сохтмон дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад ва интизор меравад бунёди он соли ҷорӣ ба поён расад.

XS
SM
MD
LG