Ширкати "Русгидро"-и Русия мегӯяд, барои ба таври якҷониба бекор кардани созишномаи сохтмони нерӯгоҳи Норини Болоӣ Қирғизистонро ба додгоҳ мекашад. Дар ин бора Николай Шулгинов, раиси ширкат дар ҳошияи Анҷумани иқтисодии Шарқ ба рӯзноманигорон хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳоло ширкат дар пайи истихдоми вакил дар умури додгоҳи байналмилалӣ аст.
Соли 2016 Қирғизистон созишномаи муштараки сохтмони неругоҳи Норини Болоӣ ва Қамбарота-1-ро соли 2016 ба тари якҷониба бекор кард. Тибқи созишнома, сохтмони неругоҳҳоро бояд ширкати "Русгидро" ва ширкатҳои қирғизӣ дар якҷоягӣ анҷом медод.
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев моҳи июли соли ҷорӣ гуфт, ки аз лағви созишнома бо Русия таассуф намехӯрад, зеро "ширкатҳои русӣ ният надоштанд, сохтмони силсила неругоҳҳои Норини Болоиро ба охир расонанд ва бунёди Қамбарота-1-ро оғоз кунанд".
"Русгидро" ин айбҳоро бепоя хонд. Ширкат гуфт, ки қатъиян дар доираи қонун амал мекунад ва дар сурати ба созиш нарасидан, ҳақ дорад ба додгоҳи байналхалқӣ муроҷиат ва ҷуброн талаб кунад.