Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арақфурӯшӣ дар... дохили мошин


Баъди манъи фурӯши машрубот дар шаҳри Ишқободи Туркманистон, акнун фурӯши ғайриқонунии он аз дохили мошинҳо шуруъ шудааст. Ба гуфтаи сокинони Ишқобод, машруботро бо мошин ба маҳалли фармоишшуда мерасонанд.

"Дар рӯзҳои аввали манъ шудани фурӯши машрубот соҳибкорон онро аз хонаҳояшон мефурӯхтанд. Акнун соҳибони мағозаҳо ба муштариҳои доимиашон рақами телефони махсус медиҳанд. Муштарӣ тариқи телефон машрубот фармоиш медиҳад. Баъди чанде мошин онро ба маҳалли даркорӣ мерасонад", - гуфт як сокини Ишқобод.

Дар Туркманистон дар остонаи Бозиҳои осиёӣ фурӯши машруботро манъ карданд.

Охири моҳи август расонаҳо навиштанд, ки машрубот ба куллӣ аз мағозаҳои пойтахти Туркманистон барчинда шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, мақомот бо як фармони шифоҳӣ фурӯши онро то охири моҳи октябри соли ҷорӣ манъ кардаанд.

Дар пайи эълони манъи фурӯши машрубот корхонаи шаробпазии "Ободон", ки дар наздикии шаҳри Ишқобод ҷойгир аст, фаъолияташро қатъ кард. Дар ин шаҳр "бозори сиёҳ"-и машрубот ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG