Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар ҳолати мастӣ. Зане, ки бо Кодекси нав муҳокима хоҳад шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Парвандаи Мукаррам Ҷабборова – хидматчии ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар пахши як кӯдаки чаҳорсола бо мошини тамғаи “Тайота Кемрӣ” муттаҳам аст, бар асоси тағйири нав дар Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Бар асоси ин тағйироти тоза Мукаррама Ҷаббороваро аз панҷ то даҳ соли зиндон таҳдид мекунад, дар ҳоле ки то як ҳафтаи пеш барои чунин иттиҳом танҳо то се соли зиндон пешбинӣ мешуд.

Ин зан рӯзи 2-юми сентябр, ду рӯз баъди нашри тағйироти нав ва ба қувваи қонунӣ даромадани он кӯдаки чаҳорсоларо бо мошин пахш кардааст. Додситонии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нисбат ба ин зан бар асоси моддаи 212, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ дар ҳолати мастӣ” парванда боз кардааст.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз тағйиротест, ки ба тозагӣ ворид шуд ва онро рӯзи 28-уми август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имзо кард ва 31-уми август он дар матбуоти расмӣ нашр шуд. Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Мукаррама Ҷабборова аз аввалинҳоест, ки нисбат ба ӯ бар асоси тағйири нав дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.

Зимнан, телевизиони “СМ-1”-и Хуҷанд навори сабткардаи Бозрасии Давлатии Автомобилиро пахш кардааст, ки дар он Мукаррама Ҷабборова ба гуноҳи худ иқрор шуда ва гуфтааст, қабл аз садама “пиво” (оби ҷав) нӯшида буд. Фирдавс Маликов, пизишки Беморхонаи шаҳри Бӯстон дар ин навор мегӯяд, Маҳфузулло Лоиқов, кӯдаке, ки ин зан ӯро зер кардааст, ҷарроҳиро пушти сар кард ва ҳолаш рӯ ба беҳбуд овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2010 то кунун беш аз даҳ ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, 3300 хонадонро мотамдор кардааст.

XS
SM
MD
LG