Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев Қирғизистонро "шарики стратегӣ"-и Узбакистон номид


Саҳнаи мулоқоти Мирзиёев бо Отамбоев
Саҳнаи мулоқоти Мирзиёев бо Отамбоев

Рӯзи 5 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев баргузор шуд. Отамбоев гуфт, сафари Шавкат Мирзиёев барои ҳар ду кишвар аҳамияти таърихӣ дорад.

Президенти Қирғизистон афзуд, ки мардуми ду кишвар ин сафарро беш аз 25 сол мунтазир буданд. Ин сафар чандин масъаларо ҳал ва дар робитаҳои ду халқ саҳифаи наверо боз мекунад. Отамбоев аз Мирзиёев барои қабули даъват ташаккур кард.

Мирзиёев дар навбати худ Қирғизистонро "шарики стратегии Узбакистон" номид. Ба гуфтаи ӯ, наздикшавӣ бо ҳамсояҳо стратегияи Узбакистон аст ва роҳбари давлат бояд сарҳадҳои хориҷиро ба марзҳои дӯстӣ табдил диҳад.

Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ 5-6 сентябр дар Қирғизистон ҳузур хоҳад дошт. Дар рӯзи аввали сафар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.

XS
SM
MD
LG