Рӯзи 5-уми сентябр, дар рӯзи охирини саммити BRICS (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) раҳбарони Русияву Чин ва давлатҳои дигари узви созмон мулоқоту гуфтугӯ бо раҳбарони панҷ кишвари дар ҳоли рушдро барномарезӣ карданд.
Ба ин гуфтугӯ, ки дар шаҳри соҳилии Сямени Чин мегузарад ва ҳамчун талоши Пекин барои густариши созмони гурӯҳии BRICS маънидод мешавад, раҳбарони Тоҷикистону Миср, Гвинея ва Таиланд даъват шудаанд.
Ба қавли мақомоти Сандуқи байналмилалии пул, BRICS дар якҷоягӣ беш аз чаҳор ҳиссаи замини ҷаҳонро пӯшиш медиҳад, хонаи беш аз 40 дарсади аҳолии дунё аст ва беш аз 22 дарсади баромади иқтисоди ҷаҳон ба ин кишварҳо тааллуқ дорад.
Ин гурӯҳ худро рақиби билқувваи низоми ҷаҳонии Ғарб медонад.
Талоши ба як блоки мустаҳкам табдил кардани BRICS мушкил аст, зеро кишварҳои узви он аз сиёсатҳои хориҷии мухталиф пайгирӣ мекунанд.