Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Mақомоти Озарбойҷон ба сиёсатмадорони Аврупо пора доданд


Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев
Раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев

"Мақомоти Озарбойҷон дар солҳои 2012-2014 ҳудуди 3 миллиард долларро тавассути ширкатҳои тақаллубӣ шустанд", - мегӯяд Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта (OCCRP). Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо баъдан барои харидани "ашёи гаронбаҳо" ва ришва ба сиёсатмадорони Аврупо сарф шудааст, то ки аз манфиатҳои Озарбойҷон дар Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ ва аз қатъномаҳои маҳкумкунанда барои нақзи ҳуқуқи инсон пешгирӣ кунанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи таҳқиқгарон, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки мақомоти Озарбойҷон сиёсатмадори олмонӣ Эдуард Линтнер, сиёсатмадори Булғористон Ирина Бокова ва сиёсатмадори итолиёвӣ Лука Волонтеро "хариданд". Линтнер соли 2012 ба ҳайати камиссиюни нозирони Олмон дар интихоботи Озарбойҷон раҳбар шуд. Бокова ҳамон сол дар Озарбойҷон фестивали "Фазои таҳаммул"-ро баргузор кард. Волонте барои роҳ надодан ба қатъномаи Ассамблеяи Порлумонии Шӯрои Аврупо, дар бораи зиндониҳои сиёсиии Озарбойҷон, аз ин кишвар пул гирифт.

OCCRP мегӯяд, ки бахши умдаи маблағҳоеро, ки мақомоти Озарбойҷон ба ҳисоби ширкатҳои тақаллуби бритониёвӣ рехтанд, ба бонкҳои Озарбойҷон, аз ҷумла бонки давлатии International Bank of Azerbaijan тааллуқ дошт.

Соли гузашта Маркази таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта таҳқиқоти фасод дар сатҳи болотарини қудратро дар як қатор кишварҳо анҷом дод. Бахши умдаи таҳқиқот ба Русия бахшида шуд. Дар он гуфта мешавад, ки одамони наздики Путин беш аз 2 миллиард долларро тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои офшории Панама "шустушӯ" доданд.

XS
SM
MD
LG