Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саммити БРИКС дар пасманзари ташаннуҷи авзои нимҷазираи Куриё


Раҳбарони гурӯҳи BRICS дар Чин
Раҳбарони гурӯҳи BRICS дар Чин

Президенти Чин Си Ҷинпин аз кишварҳои узви созмони БРИКС даъват кард, ки дар мубориза бо авҷ гирифтани ҳифзи савдои ватанӣ ё протексионизм дар саросари ҷаҳон муттаҳид шаванд. Ӯ ин даъватро дар ифтитоҳи саммити BRICS дар шаҳри Сямэни Чин ироа кард. Шиддатёбии авзоъ дар нимҷазираи Куриё ба саммити БРИКС соя андохтааст.

Таваҷҷуҳи нозирон дар ин саммит ба мулоқоти Си Ҷинпин бо президенти Русия Владимир Путин равона шудааст. Расонаҳо хабар доданд, ки ду президент шиддати вазъ дар робита ба озмоиши ҳастаии Куриёи Шимолиро баррасӣ кардаанд.

Синхуна, хабаргузории Чин менависад, ки Си Ҷинпин ва Владимир Путин амалкарди Пхенянро қатъиян маҳкум ва аз "халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Куриё" ҷонибдорӣ карданд.

Бархе аз нозирон мегӯянд, озмоиши силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Пхенян дар остонаи саммити БРИКС ба эҳтимоли зиёд роҳбари Чинро хашмгин кардааст. Чин шарики асосии Куриёи Шимолӣ ва ҳам ҳомии иқтисодии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG