Пайвандҳои дастрасӣ

Ирсоли нирӯ барои кумак ба мардуми селзадаи Карочӣ


Нирӯҳои низомии Покистон ба шаҳри Карочӣ фиристода шудаанд, то дар наҷоти баъд аз сели шадид дар ин шаҳр ба мардум кумак кунанд. Дар ин сел дар Карочӣ тақрибан 30 нафар ҷон бохт.

Дастури ирсоли нирӯҳои низомӣ ба Карочиро рӯзи 1-уми сентбяр Шоҳид Хоқон Аббосӣ, нахуствазири Покистон, содир кард. Ӯ гуфт, ки ин шаҳри 23-миллионнафарӣ бо мушкилоти борониҳои мавсимӣ дастбагиребон аст.

Додситони Карочӣ мегӯяд, ба мардуми ду минтақаи ин шаҳр гуфта шудааст, ки хонаҳаои худро холӣ кунанд, зеро хатари зери об монданашон зиёд аст.

Ӯ афзуд, дар байни қурбониёни сел дар Карочӣ занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Сухангӯи як муассисаи кумакрасон изҳор дошт, ки теъдоди талафот шояд бештар бошад, чун ба бисёре манотиқ ҳанӯз дастрасӣ пайдо нашудааст.

Мақомоти Покистон гуфтаан, дар ҷараёни боронгарӣ ва сел дар ин кишвар 115 нафар ҷон бохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG