Пайвандҳои дастрасӣ

Отунбоева Отамбоевро барои "иштибоҳи бузург" танқид кард


Роза Отунбоева ва ҷойгузини ӯ Алмосбек Отамбоев

Роза Отунбоева – раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон – гуфт, ки ҷойгузини ӯ президенти феълӣ Алмосбек Отамбоев дар ду соли ахир бо амалҳояш “тамоми дастоварди кишварро ба нестӣ бурд”.

Отунбоева рӯзи 31-уми август, дар Рӯзи Истиқлоли Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Отамбоев бо ин иддаояш, ки ҳар ончи то ӯ анҷом шуд, бад буд ва ҳамаи хубиҳо дар давраи раёсати ӯ амалӣ шуданд, ба “иштибоҳи бузург” роҳ дод.

“Ман зимоми раёсатро моҳи декабри соли 2011 ба Алмосбек Отамбоев супурдам. Аммо Отамбоев ва нафароне, ки мехоҳанд дар назари ӯ хуб намоянд, мегӯянд, бори аввал дар таърихи Қирғизистон президент Отамбоев аз қудрат ихтиёран канор меравад.”

Отунбоева гуфт, “дар панҷ соли аввали баъд аз суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев, дар соли 2010 мо дар ҷодаи демократия қадам бардоштем, аммо дар ду соли гузашта ин одам талош кард худро як шахси таърихӣ ҷилва диҳад ва дастовардеро, ки пеш аз ӯ буд, рад мекунад.”

Роза Отунбоева, ки зимоми раҳбарии Қирғизистонро дар пасманзари хушунатҳои соли 2010 дар ҷануби кишвар ба даст гирифт, он замон шарики наздики Алмосбек Отамбоев буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG