Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо: 11 духтари мактабхони Эрон дар садамаи автобус ҳалок шуд


Акс аз бойгонӣ

Матбуоти Эрон навишт, рӯзи ҷумъа дар садамаи автобус 12 нафар ҳалок шуд, ки ҳамагӣ ба ҷуз як нафар духтарони мактабхон буданд. Онҳо барои иштирок дар як маъракаи варзишӣ ва фарҳангӣ ба Шероз мерафтанд.

Гузориш мегӯяд, автобуси ҳомили 45 мусофири зан рӯзи 1-уми сентябр дар роҳи байни Дороб ва Шероз, 1100-километрии ҷануби Теҳрон, чаппа шуд. Ронанда ва 11 мусофир ҷон бохтанд.

"Духтарони дигар захм бардоштанд ва ба бемористон интиқол ёфтанд",-омадааст дар хабари телевизиони давлатии Эрон.

Гузоришҳо мегӯянд, ин духтарон асосан талабаҳои синфҳои поёнӣ буданд, ки мехостанд дар конфронси "донишомӯзони пурҳунар" дар Шероз иштирок кунанд.

Бо 17 ҳазор қурбонӣ дар сол, Эрон дар қатори кишварҳоест, ки бадтарин сатҳи бехатарии ҳаракати нақлиётро доранд.

Иллати аслии мизони баланди маргу мир дар роҳҳои Эрон, ронандагии бемулоҳиза, мошинҳои ноамн ва хадамоти изтирории ноқис номбар мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG