Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, профессори фахрии соҳаи иқтисоди Донишгоҳи Синхуаи Пекин шуд. Ин унвон рӯзи 1-уми сентябр дар ҷараёни мулоқоти президенти Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷуёни Донишгоҳи Синхуа, инчунин, ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, супурда шуд.
Вебсайти президенти Тоҷикистон менависад, феълан дар 112 донишгоҳи Чин 3000 ҷавони тоҷик таҳсил мекунад. Бар асоси ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, ин донишгоҳи чинӣ тасмим гирифт барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар навбати аввал 10 ва баъдан 50 квота ҷудо кунад.
Зимни суханрониаш дар баробари донишҷӯён ӯ ҷудогона ба ҷавонҳои тоҷик муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки дар омӯзиши ихтисоси худ ва ҳам таъриху фарҳанги Чин талош кунанд, то ки фардо барои ватани худ хизмат кунанд.
Ин донишгоҳро дар ҷавониашон раиси собиқи Чин Ҳу Ҷинтао ва раҳбари кунунии он Си Ҷинпин хатм кардаанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, инчунин, ба зарурати табодули таҷриба миёни омӯзгорони ду кишвар таъкид кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби як сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад. Рӯзи 31-уми август раҳбарони Тоҷикистон Чин – Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин 13 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дар назар мегирад.