Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсиятҳои фарҳангӣ озодии Кирилл Серебренниковро талаб карданд


Кирилл Серебренников
Кирилл Серебренников

Коргардонҳо, ҳунармандон, наққошон, продюсерҳо, оҳангсозон ва мунаққидони ҷавон аз мақомоти Русия талаб карданд, ки парвандаи коргардон Кирилл Серебренников ва айбдоршавандаҳои лағв шавад.

Дар як номаи саркушода, ки онҳоро беш аз 300 нафар имзо кардаанд, парвандаи Серебренников сиёсӣ ва рафтори Кумитаи тафтишот намоиши нерӯ унвон шудааст.

Раҳбари бедеии театри "Гогол-центр"- и Маскав Кирилл Серебренников ба қаллобӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам шудааст. Ба гуфтаи тафтишот, Серебренников сирқати 68 миллион рублро ташкил кард, ки барои намоишномае дар "Седьмея студия " ҷудо шуда буд. Ҳисобдор, мудири кулл ва директори пешини "Гогол-центр" низ дар ин сирқат айдор эълон шудаанд.

Ҳоло Серебренников дар ҳабси хонагӣ аст. Ӯ тамоми иттиҳомро рад мекунад ва онро "сафсата" мехонад. Рузи гузашта маълум шуд, ки Хадамоти ҳимояи сохтори конститусионӣ ва мубориза бо терроризми ФСБ-и Русия низ ба таҳқиқи ин қазия ҷалб шуданд.

XS
SM
MD
LG