Пайвандҳои дастрасӣ

То 2000$ ҷарима барои забҳи чорво дар назди баландошёнаҳои Душанбе


Аз сокинони шаҳри Душанбе хоста шудааст, ки чорвои худро дар рӯзи Иди Қурбон дар назди баландошёнаҳо забҳ накунанд. Вагарна аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан аз ҳазор то ду ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд. Ин огоҳӣ бо имзои раҳбарияти ширкати “Манзилхидматрасон”-и пойтахт дар аксари биноҳо насб шудааст.

Раҳбари яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар минтақаи шаҳр барои забҳи чорво ҷойҳои махсус сохта шудааст ва бояд сокинон дар онҷо қурбонии худро омода кунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “дар ҷои махсус ҳама ҳаққи куштани чорворо дорад. Аз ҳеҷ кас ягон танга гирифта намешавад. Фақат ҳар нафаре, ки қурбонӣ кардан мехоҳад, бояд мол ва қассоби худро биорад.”

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, маҳалли забҳи чорво дар гӯшаҳои Душанбе ба ҳама меъёри гигиенӣ мувофиқ аст ва ҳадафи мақомот низ “риояи тозагист”. Дар гузашта сокинони Душанбе бидуни мушкил дар назди манзилҳои худ чорворо забҳ мекарданд.

Сокинони Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмониро таҷлил хоҳанд кард. Бар асоси тақвим ва қонунҳои Тоҷикистон ин рӯз истироҳати ғайрикорӣ эълон шудааст, вале ахиран мақомоти Вазорати маориф гуфтанд, ки бояд омӯзгорону хонандагон ба дарс ҳозир шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG