Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории сухангӯи президент ва раиси телевизиони Узбакистон


Асадҷон Хоҷаев, сухангӯи президенти Узбакистон

Раҳбари хадамоти матбуоти президенти Узбакистон Асадҷон Хоҷаев ва раиси Ширкати миллии радиову телевизиони ин кишвар Бобур Алихонов аз мақом барканор шуданд.

Асадҷон Хоҷаев моҳи марти соли ҷорӣ ва Хуршед Мирзоҳидов моҳи феврал ба ин мақомҳо таъйин шуда буданд.

Тавре сомонаи Kun.uz хабар медиҳад, аз мақом барканор шудани ин ду мансабдор ба якдигар рабт дорад. Ба навиштаи расона, Хоҷаев ва Алихонов ба далели роҳ додан ба иштибоҳ дар пахши Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии "Таронаҳои шарқ" аз мақом барканор шудаанд. Ин ҷашнвора рӯзи 25-уми август дар Самарқанд оғоз шуд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 25-уми майи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG