Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба Чин рафт


Акс аз мулоқоти президентони Тоҷикистону Чин дар Остона
Акс аз мулоқоти президентони Тоҷикистону Чин дар Остона

Рӯзи 30-юми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи анҷоми як сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши нӯҳуми сарони давлатҳои узви БРИКС ба Пекин рафт.

Вебсайти президент хабар дод, ки дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Президенти академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Созмони БРИКС, ки аз кишварҳои Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Чин ташкил шудааст, давлатҳои дар ҳолати рушди босуръатро муттаҳид мекунад. Ин як созмони иқтисодӣ буда, соли 2006 таъсис шудааст. Сокинони кишварҳои узви ин созмон беш аз 40 дарсади аҳолии сайёраро ташкил мекунанд.

Дар ҷараёни сафари давлатии президент ба Пекин интизор меравад, ки масъалаи ихтисоси гранти Чин барои бунёди сохтмонҳои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ниҳоӣ мешавад. Ёддошти тафоҳуми миёни вазорати иқтисоди Тоҷикистону вазорати тиҷорати Чин дар ин заминаро рӯзи 23-юми август порлумони Тоҷикистон тасвиб кард.

Чин ният дорад, ки барои анҷоми ин тарҳҳо ба Тоҷикистон 1,5 миллиард юан ё 230 миллион доллар тахсис диҳад.

Чин баъд аз Русия дувумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст. Беш аз 27 дарсади воридоти Тоҷикистон аз Чин аст. Мизони гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2016 - 885 миллион долларро ташкил дода, 11 дар сад бештар назар ба соли 2015 мебошад. Аз ин миқдор маблағ Тоҷикистон дар ҳаҷми 841 миллион доллар аз Чин мол ворид кардааст.

Бонки Авроосиёии Рушд пешгӯӣ кардааст, ки сармоягузориҳои Чин дар се соли оянда ягона манбаи рушди иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд. Мақомоти тоҷик умед доранд, ки то соли 2020 мизони сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди ин кишвар 3 миллиард долларо ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG