Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи захирагоҳи ҳастаии СММ дар Қазоқистон


Юкая Омано, дабири кулли Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаии СММ ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар маросими ифтитоҳи захирагоҳи нав

Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ, ҳукумати Қазоқистон ва Ташаббуси созиши ҳастаӣ рӯзи 29 август захирагоҳи нави ураниуми ғанишударо дар шарқи ин кишвар ба кор андохтанд. Маросими ифтитоҳи захирагоҳе бо арзиши 150 миллион доллар дар шаҳри Оскемен ҷараён гирифт. Созмони амрикоии Ташаббуси созиши ҳастаӣ дар гузорише гуфт, ки захирагоҳи нав ба нирӯи ҳастаӣ ва истифодаи ин нирӯ бо ҳадафҳои сулҳомез саҳмгузор мешавад. Ин захирагоҳи ҳастаӣ марбут ба Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаии воқеъ дар Вена – як бахши СММ хоҳад буд ва нахустин сохтори ҳастаӣ мешавад, ки ба ҳеҷ як кишвари ҷаҳон тааллуқ намегирад. Дар ин захирагоҳ имкони нигаҳдошти 90 тонна маводи ҳастаӣ вуҷуд дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG