Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Туркманистон аз рутбаи генерал-майор маҳрум шуд


Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Туркманистон Бегенча Гундогдиев баъди боздошти чаҳор ҷангҷӯи эҳтимоли "Давлати исломӣ" аз унвони генерал-майор маҳрум шуд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 15 август Бегенча Гундогдиевро аз рутбаи генерал-майор то рутбаи полковникӣ пойин овард.

Ба навиштаи расонаҳо, маҳрум шудани фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ аз рутбаи генерал-майор бо боздошти чаҳор ҷангҷӯи эҳтимолӣ дар вилояти Ахал рабт дорад.

"Миёнаҳои моҳи июл дар ҳудуди вилоятҳои Ахал ва Марӣ амалиёти махсус барои боздошти ҷангҷӯёни ДИ доир шуд. Се нафарро боздошт карда, чанд тани дигар миёни мардум паноҳ бурдаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Туркманистон буда, аз ҷониби Эрон ворид шудаанд", - иттилоъ медиҳанд сарчашмаҳо.

Бегенча Гундогдиев, ки аз моҳи марти соли 2016 қушунҳои сарҳадиро роҳбарӣ мекунад, чанд маротиба аз рутбаҳо маҳрум шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG