Пайвандҳои дастрасӣ

"Хонаи Озодӣ" як соли Шавкат Мирзиёевро арзёбӣ кард


Созмони байналмилалии "Хонаи Озодӣ", воқеъ дар Амрико, бо пахши гузорише навишт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд иқдоми мусбати дар як соли раҳбариаш анҷомдодаи президент Шавкат Мирзиёев дар Узбакистонро эътироф кунад. Гузориш дар остонаи солгарди даргузашти президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов нашр шудааст.

Дар он аз мақомоти Узбакистон даъват шудааст, ки дар амри анҷоми ислоҳоти фарогир иқдом кунанд. “Хонаи Озодӣ”, аз ҷумла, таъкид кардааст, ки бархе иқдоми Мирзиёев дар ин муддат барои боз кардани муҳити ин кишвари иборат аз 30 миллион аҳолӣ равона шудааст.

Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 даргузашт ва декабри он сол дар интихоботи президентӣ Мирзиёев раҳбари Узбакистон шуд.

Вале муҳаққиқони “Хонаи Озодӣ” менависанд, ки бархе ташаббусҳои Мирзиёев дар амри интиқод аз мероси Каримов “бо ҳадафи таҳкими қудраташ” анҷом мешавад ва бо ҳамин сабаб ҳам аз президенти ин кишвар даъват кардаанд, ки дар фикри ислоҳоти васеъ ва доманадор шавад.

“Бо тавсеаи шаффофияти бархе сохтори ҳукуматӣ ва ҷилавгирии андак аз фасод, ки суннатан дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд дошт, Мирзиёев метавонад нуфузи элитаҳоро коҳиш диҳад ва сармояҳоро тадриҷан ба манфиати элитаҳои нави машғули тиҷорату бизнес ва дар ҳоли ҳаракату рушд равона кунад”, - гуфта шудааст дар гузориш.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG