Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи дарс дар мактабҳои Душанбе аз соати 8 таъин шуд


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соати 7:30 оғоз шудани дарс дар мактабҳои воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанберо манъ кард. Масъулини Вазорати маориф ва илм рӯзи 29-уми август гуфтанд, ки минбаъд дарсҳо мисли пештара соати 8:00 шурӯъ мешавад.

Як сол қабл бо пешниҳоди шаҳрдори собиқи Душанбе барои аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт реҷаи оғози дарсҳо дар макотиби олӣ тағйир дода шуда буд.

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, гуфт, «тасмими охир бо назардошти раъфи танбашавии нақлиёт ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе гирифта шудааст.»

Ба гуфтаи ӯ, “машғулиятҳои басти дувум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир монда шудааст.”

Мудирон ва раисони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки оғози машғулиятҳои басти якумро аз соати 8:00 оғоз намуда, “раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG