Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис шахсияти ҳамлагари Финляндияро ошкор кард


Гумонбари ҳамлаи Финландия дар экрани телевизион
Гумонбари ҳамлаи Финландия дар экрани телевизион

Пулиси Финляндия номи воқеии зодаи 23-солаи Мағрибро мушаххас кард, ки дар натиҷаи як ҳамла дар шаҳри Турку ду занро бо корд кушт. Пулис мегӯяд, гумонбар ҳангоми вуруд ба Финляндия дар соли 2016 аз номи дигар истифода кардаст. Пештар гумон мерафт, ки ӯ Абдурраҳмон Мечка ном дорад.

"Шахсияти гумонбар пурра маълум шуд ва ҳоло мо дигар медонем, ки бо кӣ сару кор дорем",- гуфт нозири калони Бюрои миллии тафтишотии Финляндия Криста Гранрот ба хабаргузории Reuters. Ба гуфтаи ӯ, пулис ном ва синну соли воқеии ӯро муайян кардааст.

18 август дар натиҷаи як ҳамла дар ҷанубу ғарби Турку 2 нафар кушта ва 8 тани дигар маҷруҳ шуд. Ин ҳодиса ҳамчун нахустин ҳамлаи террористӣ дар Финляндия таҳқиқ мешавад.

Гумонбар дар додгоҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале гуфт, ки ин ҳамла террористӣ нест. Ин зодаи Мағриб соли 2016 вориди Финляндия шуда, дар паноҳгоҳи паноҳандаҳо дар Турку ба сар мебурд. Ӯ пеш аз ин ҳодиса ба дархости паноҳандагияш аз мақомоти Финляндия ҷавоби рад гирифта буд.

XS
SM
MD
LG