Пайвандҳои дастрасӣ

Вазир: "Дар ҷанги Ироқ ҳозир будем, дар сулҳаш низ ҳозирем"


Жан-Ив ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса

Фаронса эълон кард, ки барои бозсозӣ ва мусолиҳа ба ҳукумати Ироқ кумак хоҳад кард. Жан-Ив ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи 26-уми август дар ҷараёни дидораш аз Бағдод дар як нишасти хабарӣ гуфт, "мо дар ҷанги Ироқ ҳозир будем ва дар сулҳи он низ ҳозир ҳастем".

Фаронса дар эътилофи ба раҳбарии Амрико, ки ҳукумати Ироқро дар ҷанг алайҳи гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" кумак мекунад, нақши муҳим дорад.

ДОИШ дар соли 2014 минтақаҳои зиёдро дар Ироқу Сурия тасарруф карда буд.

Моҳи гузашта мақомоти Ироқ гуфтанд, ки нирӯҳои ин кишвар бо ҳимояти эътилофи ба раҳбарии Амрико тавонистанд шаҳри Мавсил, дувумин шаҳри бузурги ин кишварро аз дасти ҷангҷӯён бозпас бигиранд. Ин набард нӯҳ моҳ идома кард.

Ҳоло нирӯҳои ироқӣ дар шаҳри Талъафари вилояти Найнаво бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дастбагиребонанд. Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, рӯзи шанбе гуфт, ки ҳоло ҳафтод дарсади қаламрави ин шаҳрро аз ҷангҷӯён пок кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG