Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Узбакистон дар Амрико аз зарби тир ҷон дод


Як шаҳрванди Узбакистон, ки дар аёлати Теннессии Амрико аз сараш тир хӯрда, дар бемористон бистарӣ буд, даргузаштааст. Маъмурони пулис гуфтанд, ки Дониёр Абдумаҷидови 40-сола ва соҳиби чаҳор фарзанд ним соли қабл тариқи барномаи "корти сабз" ё "грин корт" ба Амрико рафта буд. Ӯ то дами марг дар маркази тандурустии Донишгоҳи Вандербилт таҳти назорати пизишкон қарор дошт.

Дониёр Абдумаҷидов шоми 25-уми август дар шимоли шаҳри Нэшвилли аёлати Теннесси аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шудааст. Сабаби ҳамла ба ин шаҳрванди Узбакистон маълум нест ва маъмурони полис ба таҳқиқи худ идома медиҳанд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ навишт, Дониёр Абдумаҷидов дар ширкати New York Pizza кор мекард ва ба одамоне, ки фармоиш додаанд, ин ғизоро мерасонд. Гузоришгари телевизиони New Chanel 5 ҳам гуфт, Абдумаҷидов баъди бурдани питса ба як манзил ҳадафи тир қарор гирифтааст. Аммо соҳиби хона ба пулис гуфтааст, ки ӯ ягон хел питса фармоиш надода буд.

Соли 2014 дар Чикаго муҳоҷири қирғиз Абилбек Изабеков, ки ӯ низ дар ширкати питсапазӣ кор мекард, ҳадафи тир қарор гирифта ва дар бемористон даргузашта буд.

XS
SM
MD
LG