Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико озодии ҳарчи зуди Меҳмон Алиевро талаб кард


Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки аз боздошти Меҳмон Алиев – сардабири хабаргузории мустақили «Тӯрон» дар Озарбойҷон – амиқан нигарон аст. Департаменти давлатии ИМА рӯзи 26-уми август аз мақомоти Озарбойҷон хост, Меҳмон Алиевро ҳарчӣ зуд аз ҳабс раҳо кунанд.

Алиев ҳафтаи гузашта бо гумони сарпечӣ аз пардохти андоз дар шаҳри Боку боздошт ва барои се моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, мақомот ҳисобҳои бонкии хабаргузории «Тӯрон»-ро низ бастаанд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки чунин амалкарди мақомоти Озарбойҷон озодии матбуоту баёнро дар ин кишвар боз ҳам маҳдудтар хоҳад кард. Моҳи майи имсол ҳукумати Озарбойҷон дастрасӣ ба вебсайти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигари мустақилро баста буд.

Масъулони андози Озарбойҷон рӯзи 16-уми август идораи "Тӯрон"-ро бозҷӯӣ ва санадҳои онро мусодира карданд. Кормандони хабаргузорӣ мегӯянд, ин амал як навъи фишори мақомот аст, ки ангезаи сиёсӣ дорад. Меҳмон Алиев он замон гуфт, расонаи ӯ ҳеч гоҳ ба нақзи қонунҳои андоз роҳ надодааст.

Озарбойҷон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар имсол мақоми 162-умро ишғол кард. Хабаргузории мустақили "Тӯрон", ки соли 1990 таъсис ёфтаааст, бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ хабар нашр мекунад.

XS
SM
MD
LG