Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Белгия: Ҳамлавари 30-сола дар шифохона даргузашт


Додситонии Белгия дар робита ба ҳамлаи як фарди 30-сола ба ду сарбоз дар шаҳри Брюссел парвандаи ҷиноӣ боз кард. Додситонӣ гуфт, худи ҳамлагар ҳадафи тир қарор гирифта, рӯзи 25-уми август бар асари захмҳои бардоштааш даргузашт.

Бино ба иттилои мақомот, ин нафар бо корд ба сарбозон дарафтода буд.

Мақомоти Белгия рӯзи 26-уми август дар изҳороти расмӣ гуфтанд, ки гумонбар дар гузашта барои пулис маълум буд ва собиқаи фаъолияти террористӣ надорад. Ин манбаъ мегӯяд, гумонбар шаҳрванди сомалитабори Белгия аст.

Мақомоти Белгия шаби гузашта манзили ин нафарро дар 100-километрии шимоли ғарби Брюссел тафтиш карда, аммо ҷузъиётро ошкор нанамуданд.

Моҳи марти соли гузашта дар пайи ҳамла ба фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссел беш аз сӣ нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG