Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф: “Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон оғози дарс аст”


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 1-уми сентябрро, ки ба рӯзи Иди Қурбон рост омадааст, рӯзи дарсӣ эълон кард.

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 25-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора қарори зарурӣ қабул шуда, хонандагон ва донишҷӯён рӯзи 1-уми сентябр ба дарс мераванд.

Сухангӯи Вазорати маориф гуфт, хонандагон ба ҷойи рӯзи Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат эълон шудааст, рӯзи 2-юми сентябр таътил мекунанд. “1-уми сентябри соли 2017 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва тобеият дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, рӯзи 2-юми сентябр рӯзи истироҳатӣ эълон карда шавад”, - афзуд Эҳсони Хушвақт.

Ӯ афзуд, раисон ва мудирони мактабҳои миёна ва олии касбӣ ва сардорони раёсатҳои маориф вазифадор шудаанд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд. Вазорати маориф ва илм дар ҳоле 1-уми сентябрро рӯзи дарсӣ эълон мекунад, ки дар ин рӯз мусалмонони Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил мекунанд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи истироҳат эълон шудааст. Қабл аз ин изҳороти Вазорати маориф ва илм, имом-хатибони масоҷид дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа аз сокинон хостанд, ки фарзандони худро рӯзи 1-уми сентябр ба дарс фиристанд.

XS
SM
MD
LG