Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмон Алиев, мудири хабаргузории "Турон" боздошт шуд


Меҳмон Алиев
Меҳмон Алиев

Мудири хабаргузории мустақили "Турон"-и Озарбойҷон Меҳмон Алиев дар шаҳри Боку боздошт шуд. Ба иттилои хабаргузорӣ, Алиев дар саркашӣ аз пардохти андоз гумонбар аст.

Додгоҳ давоми 48 соат бояд тасмим бигирад, ки ӯ ба ҳабс гирифта мешавад, ё не.

Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз рӯзноманигорон мақомоти Озарбойҷонро даъват кард, ки аз таъқиби кормандони "Турон" даст бардоранд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch низ аз Боку хост, ба кори хабаргузорӣ дахолат накунад.

Масъулони андози Озарбойҷон рӯзи 16-уми август идораи "Турон"-ро бозҷӯӣ ва санадҳои онро мусодира карданд. Кормандони хабаргузорӣ мегӯянд, ин амал як навъи фишори мақомот аст, ки ангезаи сиёсӣ дорад. Алиев он замон гуфт, расонаи ӯ ҳеч гоҳ ба нақзи қонунҳои андоз роҳ надодааст.

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" рӯзи 11-уми август сӯистифодаи мақомоти Озарбойҷонро аз ҷурми нақзи қонунҳои андоз барои таъқиби "охирин расонаи мустақили ин кишвар" маҳкум кард.

Озарбойҷон дар раддабандии озодии матбуот дар миёни 180 кишвар имсол мақоми 162-умро ишғол кард. Хабаргузории мустақили "Турон", ки соли 1990 таъсис ёфтаааст, бо забонҳои озарӣ, русӣ ва англисӣ хабар нашр мекунад.

XS
SM
MD
LG