Фаъоли мадании қазоқ Талгат Аянро, ки баъди иштирок дар тазоҳуроти Атирау оид "ба масъалаи замин" 5 сол зиндонӣ шуд, аз зиндони Петропавловск ба маҳбаси шаҳри Оқтеппа интиқол доданд.
Падари Аян Толепкалӣ Аянов гуфт, вазъи писараш қаноатбахш буда, вакили дифои хонавода метавонад, баъди 10 рӯз бо ӯ мулоқот кунад. Ин 10 рӯзро Аян дар карантин хоҳад гузаронд.
Аянов мегӯяд, онҳо дархост карда буданд, ки писарашро ба маҳбаси Атирау интиқол диҳанд, зеро ӯ фарзандони ноболиғ дорад ва мулоқот бо Аян дар шимоли Қазоқистон барои аъзои хонавода мушкил хоҳад буд.
"Дар ҷавоб гуфтанд, ки дар маҳбаси Атирау ҷой нест. Албатта, ин баҳона аст. Вале ба ҳар сурат, дар натиҷаи таваҷҷуҳи ҳомиёни ҳуқуқи байналмилалӣ ва фаъолони маданӣ ӯро ба маҳбаси наздиктар, ба шаҳри Оқтеппа оварданд", - изҳор дошт Аянов.
Аян ва фаъоли мадании дигари қазоқ дар Атирау Макс Боқаев бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли гузашта 5 солӣ зиндонӣ шуданд. Додгоҳ онҳоро ба пардохти ҷаримаи ҳангуфт низ вазифадор кардааст.
Маҳкумшудаҳо ин айбҳоро рад карданд ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронашон парвандаҳои онҳоро сиёсӣ меноманд.