Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо $1 триллионро дар офшорҳо нигоҳ медоранд


Ҳаҷми пулҳои Русия дар офшор се баробар бештар аз захираи асъори хориҷӣ дар дохили кишвар аст. Дар ин бора Идораи миллии пажуҳишҳои иқтисодии Амрико рӯзи 23 август гузориш пахш кард.

Маблағҳое, ки русҳо дар офшор нигоҳ медоранд, ба 75 дар сади даромади миллии ин кишвар баробар аст, миқдори захираҳо 25 дар садро ташкил медиҳад. Ба маълумоти Бонки Русия то 1 августи соли равон, захираи асъор ба 350 миллиард расидааст. Ба ин тартиб, бинобар арзёбии мутахасисон, русҳо беш аз 60 триллион рубл, ё беш аз 1 триллион долларро дар офшор нигоҳ медоранд.

Тавре дар ин гузориш омадааст, ҳаҷми маблағҳои русҳои сарватманд дар Британия, Шветсария, Кипр ва марказҳои офшории дигар ба ҳаҷми тамоми захираҳое баробар аст, ки шаҳрвандони Русия дар ҳисобҳои бонкии дохили кишвар гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG