Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади бесари хабарнигори швед дар обҳои Денмарк пайдо шуд


Ким Валл
Ким Валл

Пулиси Дания мегӯяд, тани бесаре, ки ахиран дар обҳои Денмарк ошкор шуд, ба хабарнигори Шведсия таалуқ дорад. Пулис рӯзи 22 август дар твиттер навишт, ки " озмоиши DNA ба Ким Валл таалуқ доштани баданро собит кард."

Тани бесари Ким Валл рӯзи 21 август дар 50-километрии ҷануби Копенҳаген ёфт шуд ва пулис мегӯяд, ки дасту пой ва сари ҷасадро барқасдона буридаанд.

Хабарнигори мустақил Ким Вол аз замоне нопадид шуд, ки барои сӯҳбат ва навиштани мақола дар бораи ихтирогари киштии зериобӣ Питер Мадсэн рӯзи 10 август савори киштии ӯ шуд.

Рӯзи дигар хабари нопадид шудани ин хонуми 30-сола пахш шуд ва Мадсенро қабл аз ғарқшавии киштии худсохташ наҷот доданд.

Мадсен, ки дар оғоз гуфта буд, Ким Валлро дар ҷазирае фаровардааст, баъдан ҳарфашро дигар кард ва гуфт, хабарнигор аз тасодуф дар дохили кишти мурд ва ӯ ҷасадашро ба баҳр партофт.

Пулиси Дания бовар дорад, ки Мадсэни 46-сола киштии 40-тоннагиро барқасдона ғарқ кардааст.

Питер Мадсэн ба куштор аз беэҳтиётӣ муттаҳам шудааст. Ӯ иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG