Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказиро густариш медиҳад


Ӯзбекистон мехоҳад, ки ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказиро густариш диҳад. Дар ин бора намояндагони "Узбекэнерго" хабар доданд.

Низоми ягонаи энергетикӣ дар минтақа ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шуда буд ва Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба ҳам мепайваст. Аммо баъди фурӯпошии шӯравӣ ин шабака ба далели ихтилофи назари давлатҳо аҳамияташро гум кард.

"Имрӯз низоми энергетикии Узбакистон ва Осиёи Марказӣ дар режими ҳалқавӣ фаъолият мекунад. Ҳамзамон қитъаҳои дигаре низоми энергетикии Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба ҳам мепайванданд. Дар оянда мо талош мекунем, ки ҳалқаро густариш ва тақвият диҳем. Ҳоло мо бо Афғонистон ҳамкорӣ дорем, дар ин самт хатти 220 кВ амал мекунад, мо ба мардуми афғон кӯмак мерасонем", - гуфт сардори раёсати рушди стратегии "Узбекэнерго" Эсо Саъдуллоев.

Ба гуфтаи ин мақомдори Узбакистон, ширкат ҳамчунин омодааст, ки пешниҳоди ҳамкорӣ бо лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ кунад.

Дар ҳоли ҳозир "Узбекэнерго" солона бештар аз 60 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки 10 дарсади он тавассути неругоҳҳои обӣ ва 90 дарсад тавассути неругоҳҳои ҳароратӣ ҳосил мешавад.

XS
SM
MD
LG