Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии низомии ИМА бо танкер бархурд, 10 маллоҳ нопадид шудааст


Киштии мушакбари ба номи Ҷон Маккейн

Киштии низомии Ҷон Маккейн рӯзи душанбе ҳангоми ворид шудан ба бандари Сингапур дар гулӯгоҳи Маллаккск бо танкери нафткашон бархурд. Дар пайи ин ҳодиса 10 маллоҳи амрикоӣ нопадид шуда, панҷ тани дигар захм бардошт- омадааст дар хабари флоти ҳафтуми Нерӯҳои дарёгарди ИМА.

Киштиҳои назоратии маҳаллӣ, чархболҳо ва нерӯҳои ҳифзи соҳил ба ҷустуҷӯи маллоҳони гумшуда оғоз кардаанд.

Гулӯгоҳи Малаккск - пайванди байни уқёнусҳои Ҳинд ва Ором, яке аз бузургтарин шарёни тиҷории ҷаҳон аст. Киштии низомии Амрико баъди анҷоми навбатдорӣ дар баҳри ҷанубии Чин озими бандари Сингапур буд. Танкери ҳомили нафт, таҳти парчами Либериё, низ ба ҳамон масир ҳаракат дошт. Дар натиҷаи бархурд бо танкер киштии Маккейн осеб дида, аммо мустақилона ҳаракат мекунад.

Сенатор Ҷон Маккейн дар твитер навишт, ки барои сарбозон дуо мекунад. Киштии Ҷон Маккеин, ки ба ифтихори падар ва падарбузурги сенатор Ҷон Маккейн номгузорӣ шудааст, соли 1999 мавриди истфода қарор гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG