Пайвандҳои дастрасӣ

17 ҳазор довталаб ҳанӯз шонси донишҷӯ шуданро доранд


Ҳудуди 17 ҳазор довталаб ҳанӯз ҳам имкон доранд дар Маркази миллии тестӣ унвони донишҷӯиро соҳиб шаванд. Ситора Киромова, сухангӯи ММТ рӯзи 19 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи натиҷаҳои аввалияи супоридани имтиҳонҳо аз 90829 довталаб 48743 нафар соҳиби унвони донишҷӯ шуданд. Тибқи қоида онҳо бояд то 15 август ба масъулони донишгоҳҳо ҳуҷҷатҳои худро месупорданд. Аммо, ба гуфтаи хонум Киромова, на ҳамаи ҷавонон ба донишгоҳҳо рафта худро номнавис карданд ва ҳамакнун ҳудуди 17 ҳазор нафаре, ки дар оғоз донишҷӯ нашудаанд, метавонанд соҳиби ин унвон шаванд.

Ситора Киромова дар посух ба ин савол, ки оё довталабонро зарур аст, ки барои донишҷӯ шудан дубора имтиҳон супоранд ё не, гуфт, ки ҳеҷ довталаб дубора вориди сабқат намешавад ва танҳо тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои дар оғоз супорида шомили муассисаҳои таҳсилоти олӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи хонум Киромова, дар миёни ҷойҳои холимонда таҳсили ройгон, яъне будҷавӣ барои донишҷӯён низ боқӣ мондаанд. Вай афзуд, ки ҳарчанд дар пайи натиҷаҳои аввалияи имтиҳонҳои ММТ эълон шуд, ки ба гурӯҳҳои ихтисоси 3,4,5, ки ҳуқуқи таҳсил дар соҳаи тибб ва ҳуқуқро фароҳам мекунад, саддарсад донишҷӯ қабул шудааст, аммо баъд аз 15 август мушаххас шуд, ки дар ин ришта низ ҷойҳои холӣ вуҷуд доранд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки сабаби асосии чунин вазъият ба он бастагӣ дорад, ки бархе аз ҷавонон дар баробари номнавис шудан барои супоридани имтиҳонҳои қабул дар ММТ, ҳамзамон талош кардаанд барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ имтиҳон супоранд. Дар сурати қабулашон ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, онҳо аз қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон сарфи назар кардаанд.

Дар Тоҷикистон марҳилаи қабули донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олӣ хотима меёбад ва қарор аст рӯзи 1 сентябр таҳсил расман шурӯъ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG