Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 17 вазири пешниҳодии Рӯҳонӣ номзадии як нафар таъйид нашуд


Намояндагони Маҷлиси Эрон аз 17 вазири пешниҳодии Ҳасани Рӯҳонӣ ба 16 тани онҳо раъйи эътимод дод. Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми август танҳо номзадии Ҳабибулло Бетараф ба мақоми вазири нирӯ қабул нашуд.

Яке аз онҳое, ки номзадиаш аз тарафи Маҷлиси Эрон пазируфта шуд, Муҳаммадҷавод Зариф – вазири умури хориҷии он кишвар аст. Оқои Зариф яке аз афроди калидӣ дар музокироти ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон дар соли 2015 ба шумор мерафт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, пеш аз раъйдиҳии Маҷлис дар як суханрониаш, ки ба таври зинда аз тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфт, “яке аз масъулиятҳои муҳими вазири умури хориҷӣ ҳифзи созиши ҳастаист”.

Ҳукумати Эрон аз 18 вазир иборат аст. То кунун Ҳасани Рӯҳонӣ номзадии 17 нафарро пешниҳод карда, номзад ба мақоми вазири улумро ҳанӯз муаррифӣ нанамудааст. Хабаргузории “Меҳр” навишт, ки то замони мушаххас шудани вазири пешниҳодии улум ва таъйиди номзадиаш аз тарафи Маҷлис ин вазифаро муовини вазир иҷро хоҳад кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар аввали моҳи август ба даври дувуми раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз кард. Ӯ бори аввал соли 2013 бо 51 дар сади раъйи сокинон президенти Эрон интихоб шуд. Созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 яке аз дастовардҳои муҳими ҳукумати ӯ дар чаҳор соли гузаштаи раҳбариаш унвон мешавад, ки пойи Теҳронро аз банди баъзе таҳримҳо раҳо ва роҳи нафаси иқтисодашро боз кард.

XS
SM
MD
LG