Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оқсарой"-и Ислом Каримов ба осорхона табдил меёбад


Оқсарой
Оқсарой

Панҷараҳои атрофи "Оқсарой" - коргоҳи президенти пешини Узбакистон Ислом Каримовро канданд. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди он корҳои омодагӣ барои насби пайкараи Каримов ҷараён дорад.

Пардабардорӣ аз рӯи пайкараи президенти пешини Узбакистон ба 1 сентябри соли равон барномарезӣ шудааст. Қарор аст, дар онҷо осорхонаи Ислом Каримов таъсис ёбад.

Президенти акнунии Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз истифодаи "Оқсарой" ва ду қароргоҳи дигари Каримов, ки дар берун аз шаҳ ҷойгир шудаанд, даст кашид ва охири моҳи гузашта ба қароргоҳи нави худ кӯч баст. Қароргоҳи нав дар деҳаи Байтқурғон, дар соҳили дарёи Чирчирик бунёд шудааст.

Мирзиёев 25 январи соли равон қарореро дар бораи "Абадӣ гардонидани хотираи президенти пешини Ӯзбекистон" имзо кард. Бар пояи ин қарор, ҳамасола дар кишвар зодрӯзи Каримов рӯзи 30 январ ва ёдбуди нахустин президент 2 сентябр баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG