Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Авросиё тиҷорат бо Эронро баррасӣ кард


Ҷаласаи Иттиҳоди Авросиё дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авросиё мавзӯи минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Эронро баррасӣ шуд. Ин нишаст рӯзи гузашта дар Остона сурат гирифт.

Ба иттилои расонаҳои расмии Қазоқистон, ҷаласа ба намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2017 дар Остона бахшида шуд ва дар он раисони ҳукумати кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё иштирок доштанд.

Ҷонибҳо лоиҳаи қарордоди таъмини нафақаи муҳоҷирони кишварҳои узви Авросиёро низ баррасӣ кардаанд. Ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвазири Қазоқистон, дар нишаст ҳамчунин масъалаи таъсиси комисияи санҷиши садамаҳои ҳавопаймоӣ, эътирофи шаҳодатномаҳои ронандагии кишварҳои узв дар қаламрави якдигар ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишварҳои дигари иттиҳод матраҳ шуд.

Ба ин Иттиҳоди таҳти назари Кремелин Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон шомил шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG