Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон 70 солагии давлатдориашро таҷлил кард


Ҷавонони Покистон дар маросими барафрохтани парчами давлатӣ дар Исломобод. 14 августи соли 2017
Ҷавонони Покистон дар маросими барафрохтани парчами давлатӣ дар Исломобод. 14 августи соли 2017

Покистон 70 солагии давлатдорӣ ва истиқлолияташро таҷлил кард.

Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн рӯзи 14 август дар меросиме бо иштироки нахуствазир Шоҳид Ҳақон Аббосӣ ва Ванг Янг, ноиби нахуствазири Чин дар Исломобод, парчами Покистонро парафшон кард.

Интизор меравад, ки баъдтар Ҳусейн ба шаҳрвандони шоёни сипос меделҳо тақдим кунад.

Таҷлили 70- умин солагии Покистон бо оташкушоии ифтихорӣ дар Исломобод ва маркази маъмурии чаҳор вилояти кишвар оғоз шуд.

Покистон дар ҳоле ба истиқлолият даст ёфт, ки Британия соли 1947 Ҳиндустонро тарк ва ин шибҳақораро ба ду тақсим карда, бо ин яке аз таҳаррукоти хушунатомези асри 20-ро такон дод.

Ҳиндустон- рақиби таърихии Покистон истиқлолияти худро 15 август таҷлил мекунад.

Ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ- Ҳиндустон ва Покистон, бинобар баҳс бар сари минтақаи Кашмир, ки боиси ду ҷанг дар байни онҳо шудааст, равобити пурташаннуҷ доранд.

XS
SM
MD
LG