Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: "Ҳар роҳбар бояд аз ҳавое нафас гирад, ки мардум мегиранд"


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, чаҳор мақомдори шаҳри Олмалиқи кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ноҳия, сардори бахши корҳои дохилӣ, сардорони андозу молия шомили чаҳоргона ҳастанд.

Мирзиёев рӯзи 13-уми август гуфт, ки мақомдорони мазкур лоиқи курсиҳои ишғолкардаашон нестанд. "Ҳар роҳбар бояд аз ҳамон ҳавое нафас бигирад, ки мардум мегиранд: агар барқ нест, пас, бояд бе барқ зиндагӣ кунанд, агар роҳ нест, пас, бе роҳ ва агар об нест - бе об зиндагӣ кунанд", - гуфт ӯ.

Президенти Узбакистон низоми наверо пешниҳод кард, ки тибқи он ҳамаи роҳбарони ноҳияҳо набояд дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. “Давлат барои роҳбарон дар ноҳияҳо манзил ҷудо мекунад. Бигзор ҳар роҳбар бо чашмони худ болоравии нархи нон, гӯшт ва бемасъулиятиро дар бозорҳо бубинад”, - афзуд Мирзиёев.

Ба навиштаи расонаҳо, президенти Узбакистон ҳокими пешини ноҳияи Юнусобод Мираъзам Мирқосимовро, ки моҳи март аз мансаб сабукдӯш шуда буд, дар шаҳри Олмалиқ ҳоким таъин кард. Мирқосимов низ баъди сафари Шавкат Мирзиёев ба Юунусобод аз мақом барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG